ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОНСТИТУТСИЯИ (САРҚОНУНИ) ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (лоиҳа)

Печать
PDF
alt1.Аз ном ва матни Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.
2.Дар моддаи 1:
— қисми дуюм бо мазмуни  зерин илова карда шавад:
«Шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон президентӣ мебошад.»;
— қисмҳои дуюм ва сеюм мувофиқан қисмҳои сеюм ва чорум ҳисобида шаванд.
3.Қисми якуми моддаи 5 дар таҳрири зерин ифода карда шавад: «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд.».

4.Дар қисми чоруми моддаи 7 калимаҳои «марзиву маъмуриро» ба калимаҳои «маъмурию ҳудудиро» иваз карда шаванд.

Муфассал...

Аёдати Сарбозон

Печать
PDF

Дар асоси нақша чорабинии алоҳидаи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон дар дидбонгоҳи сарҳадии Бураген бо ҳамкории бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия, мушовири дифои ҳарби ва варзиши маорифи ноҳия аёдати сарбозонро бахшида ба Рӯзи Артиши милли Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд. Инчунин ҷавонони синашон то даъвати ҳарбӣ ба дидбонгоҳи сардии “Бураген” ташриф оварда аз ҳаёт ва фаъолияти афсарону сарбозон аз наздик шинос шуданд. Ин иқдоми нек аз он шаҳодат медиҳад, ки давлати мо рӯ ба беҳбудиҳо ва шавқу завқи ҷавонон ба барои хизмат ба ватан модар рӯз то рӯз зиёд гашта истодааст.

Муфассал...

Дастархони идона

Печать
PDF

Тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, асосгузорӣ сулҳу ваҳдат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инчунин дар асоси нақша чорабинии баргузории Рузи Артиши миллии ТҶҶ “Созандагони ватан” дар дидбонгоҳи сарҳадии “Бураген” бо ташаббуси роҳбари бахши ТҶҶ “Созандагони ватан” дар ноҳияи Шаҳристон, мудири бахши ҷавонон варзиш ва сайёҳии ноҳия ва ташкилоти ибтидоии Бураген бо фаъолзанони деҳаи Бураген бо як дастархони идона ташриф оварданд. Инчунин аз тарафи ташкилоти ибтидоии Фарҳанг бахшида ба Рузи Артиши милли чорабиниҳои фарҳанги намоиш дода шуда барои болида намудан ва бо ҳаловат рақсидани сарбозону афсарон сурудҳои шӯху дилоро бо маҳорати касбӣ суруда шуд.

Муфассал...

Санҷиши шаҳодатномаи ҳизбӣ

Печать
PDF

Бо ташаббуси муҳосиби кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон Зебо Примқулова дар ташкилотҳои ибтидоии ноҳия санҷиши шаҳодатномаҳои ҳизбӣ гузаронида шуд. Санҷиш аз ташкилоти ибтидоии “Маркази саломатӣ”, ки раисаш Н.Абдурасулов мебошад оғоз шуд. Дар ташкилоти ибтидоии “Маркази саломатӣ” зиёда аз 102 нафар кормандон фаъолият намуда аз ин 71 нафар аъзои ҲХДТ мебошанд, ки ҳаммаи онҳо бо шаҳодатномаи ҳизбӣ таъмин мебошанд. Санҷиш нишон дод, ки пардохти ҳаққи узвият пурра бо роҳ монда шуда аз тарафи сармуҳосиби “Маркази саломатӣ” Раззоқов Абдукарим ҳар моҳ ба суратҳисоби кумитаи иҷроия маблағи пардохти ҳаққи узвият ворид карда мешавад.

Муфассал...

Дарҳои кушод дар қисмҳои низомӣ

Печать
PDF

Дар асоси нақшаи ТҶҶ “Созандагони Ватан” - и ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон бо якҷояги маорифи ноҳия дар қисми низомии “Дуоба” и ноҳияи Шаҳристон дарҳои кушод гузаронида шуд. Аз муассисаҳои таълими хатмкунандагонро барои аз наздик шинос шудан аз ҳаёти сарбозон ва афсарони қисмҳои низомӣ ташриф оварданд. Сарбозону хатмкунандагон дар як қатор саф ороста байни худ мусобиқаҳои варзиши баргузор намуданд. Инчунин хатмкунандагонро бо шароиту зисту зиндагии сарбозон тарзи хурокпази, ошхона, саҳнаи фарҳанги, майдончаи варзиши шинос намуданд. Сарбозон ва хатмкунандагон дар якчанд намудҳои варзиш давидан, ба дарози ҷаҳидан, ба қисмҳо ҷудонамудани яроқи оташфишон қувваозмои намуда хатмкунандагон аз сарбозон бисёр чизҳоро омухтанд.

Муфассал...