Ид муборак интернатсианалистон

Печать
PDF

Имрӯз бо дар толори  Ҷамоати  деҳоти ноҳияи Шаҳристон бо иштироки Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон Р.Қодиров, Раиси собиқадорони ҷанговарони интернатсионалисти  аъзои фаъоли ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон А.Абдусаломов  инчунин      44 нафар собиқадорон ҷанговарони интернатсионалисти бахшида ба 27 солагии рузи баровардани қувваҳои мусаллаҳи Иттифоқи Шуравӣ аз хоки Афғонистон  чорабинии тантанавӣ баргузор шуд. Маҷлиси тантанавиро  муовини Раиси собиқадорони ҷанговарони интернатсионалисти  аъзои фаъоли ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон З.Атоев ифтитоҳ намуда суханро ба Раиси собиқадорони ҷанговарони интернатсионалисти  аъзои фаъоли ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон А.Абдусаломов  дод.

Муфассал...

Тарғиботу ташвиқот дар КВД «Лоиҳакаш»

Печать
PDF

Дар асоси нақшаи кории алоҳидаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон гуруҳи кории кумитаи иҷроия бо роҳбарии мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонон кумитаи иҷроия Примқулова Зебо дар ташкилоту муассисаҳо оиди тарғиботу ташвиқоти Барномаи ҲХДТ ташриф оварданд. Дар ташкилоти КВД «Лоиҳакаш» се нафар ҷавонон  кор фаъолият менамоянд, ки ин бовари ба ҷавонон ва ғамхории падаронаи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  мебошад. Аз се нафар кормандони мазкур ду нафар ба аъзои ҲХДТ барои шомил шудан ариза доданд ва як нафар аъзои ҳизб мебошад. Дар рузҳои наздик муроҷиаткунандагон соҳиби шаҳодатномаи ҳизбӣ хоҳад шуд.

Муфассал...

Паём раҳнамои имрӯзу фардо

Печать
PDF

Яке аз вазифаҳои  асосии ҳар як фарди солим дар шароити имрӯза ин дарк намудани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузорӣ сулҳу ваҳдат,  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Аз ин лиҳоз бо мақсади тарғиботу ташвиқоти Паёми навбатии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузорӣ сулҳу ваҳдат,  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Шаҳристони поён дар назди масчид бо иштироки зиёда аз 80 нафар аҳолии деҳа оиди Паёми навбатии сарвари давлатамон ба Маҷлисӣ Олӣ фаҳмонида дода шуд. Дар вохурии мазкур Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон Рустам Қодиров дар мавзуъи “ Паём раҳнамои имрӯзу фардо “ баромад карда мақсади асосии вазифагузориҳои  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузорӣ сулҳу ваҳдат,  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро фаҳмонида дод.

Муфассал...

Боз як аъзои ҲХДТ дар Амонатбонк

Печать
PDF

Дар бонки давлатии амонатгузории ноҳияи Шаҳристон бо сарварии раиси ташкилоти ибтидоии «Амонатбонк» Кенҷаев Акмал, ки бо ташаббуси ин ҷавони кордону чақон аъзои ҲХДТ дар «Амонатбонк» бо меҳнати пурсамари худ ба аҳолии ноҳия хусусан нафақахӯрон хизмат менамоянд. Чанд рӯз пеш корманди навқабулшудаи бонки мазкур бо аризаи хеш оиди аъзошави муроҷиат намуда буд ва имруз аъзои ҲХДТ шуда соҳиби шаҳодатномаи ҳизби гашт. Инчунин ташкилоти мазкур яке аз ташкилотҳои пешқадами ҳизби ба ҳисоб рафта оиди тарғиботу ташвиқоти корҳои ҳизби софдилона хизмат менамояд.

Муфассал...

Вохӯри бо дигар ҳизбҳои сиёсӣ

Печать
PDF

Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон бо дигар раисони ҳизбҳои сиёси вохури анҷом дод. Дар ноҳияи Шаҳристон се ҳизби сиёси фаъолият менамояд. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроия вохурии раисони ҳизбҳои сиёсии дар ноҳия амал карда истода дар утоқи кории Раиси Кумитаи иҷроия дар ноҳия Р. Қодиров баргузор шуд. Дар вохурии мазкур асосан масъалаҳои мубрами руз мавриди муҳокима қарор гирифта ба хулоса омаданд, ки ҳар семоҳа вохури гузаронида оиди масалаҳои мубрами руз бо ягдигар фикру ақида иваз намудан, дар ҳамкории зич фаъолият намудан маслиҳат карданд.

Муфассал...