Корҳои тарғиботию ташвиқотӣ

Печать
PDF

Аз рӯи нақшаи кории шӯъбаи кор бо занони кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳристон аз тарафи гурӯҳҳои тарғиботию ташвикоти дар ҷойҳои серодам корҳои фаҳмондадиҳӣ оиди мӯҳтавои Қонуни Кониститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” гузаронида шуд. Соли оянда дар кишварамон баргузор гардидани интихоботи вакилон ба Маҷлиси олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар назар дошта шудааст. Бинобар ин, моро зарур аст,ки аз ҳоло барои дар дираи қонун, ошкору шафоф ва тибқи меъёрҳои демократӣ баргузор шудани ин чорабинии муҳими сиёсӣ омодагии ҷидди бинем ва аз натиҷаи корҳои дар панҷ соли гузашта анҷомдодаамон дар назди аъзои ҳизб ва интихобкунандаҳо ҳисоб диҳем.