ИСТИҚЛОЛИЯТ НЕЪМАТИ БЕБАҲОСТ

Печать
PDF

Дар қаламравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи муҳим фаро гирифтааст, ки ин ҷашни 28 умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ мебошад. Ҷанш болои ҷашн боз як хурсандии халқи тоҷик ин ба истифода додани агрегати дуюми НБО “Роғун” буд, ки аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ карда шуд. Мо мардуми тоҷик хусусан аъзои ҲХДТ ва аъзоёни фаъоли созмони “Созандагони Ватан ” ба ин рӯзи фархунда, ки бо ташаббус  ва хизматҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Истиқлолияти давлати расидем бояд шукргузор бошем. “Истиқлолият”  ин як неъмати бебаҳо буда ба мардуми шарафманд  ва давлати мо сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ овардааст. Зеро бо шарофати ин неъматҳо мардуми мо аҳлона заҳмат кашида, то имруз садҳо иншооти бузургро бунёд намуданд, фаъолияти корхонаҳои саноатиро аз нав барқарор карданд, ба кишоварзӣ такони ҷиддӣ бахшиданд, роҳу пулҳо бунёд карда, кишварро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшиданд ва Тоҷикистон  ба истиқтиқлолияти энергетикӣ муваффақ гардид. Субхи санаи 9 уми сентябри соли 2019 мардуми шарифи Точикистон бо як интизори аз ифтитоҳи агрегати дуюми НБО Роғун ки бо шарофати пешвои миллат оғоз гардид ба таври воситаи телевизион дидан намуданд ва аз муҷизаи асрӣ ки бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар ин рузи фархуда Истиқлолияти давлатӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин бобат аъзоёни фаъоли ҲХДТ ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти дар маркази ноҳия чорабинии паради идона бахшида ба 28 умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ва ба истифода дода шудани агрегати дуюми НБО Роғун гузаронида шуд. Дар давоми чорабини роҳбарияти МИМҲД ноҳия иштироккунандагонро бо ин рузи фархунда муборак бод намуданд. Инчунин намоишҳои фарҳангиву фароғоти аз тарафи аъзои ташкилоти ибтидоии “Фарҳанг” барои болидахотири иштирокчиён намоиш дода шуд.