МАРОСИМИ ГУСЕЛИ НАВАСКАРОН

Печать
PDF

Дар маркази ноҳияи Шаҳристон чорабинии тантанави  бахшида ба гуселонидани ҷавонписарон  ба хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати навбати баргузор гардид. Чорабини мазкурро Раиси ноҳияи Шаҳристон Ҷалилзода А, оғоз намуда ба наваскарон барои содиқ будан ба Ватан бо сари баланд адои хизмати ҳарбӣ намуда марзу буми Тоҷикистонро аз таҳдидҳои беруна ҳимоя намоянд ҳидоят карда шуд. Ба волидайни наваскарон аз номи шаҳрвандони Тоҷикистон изҳори минатдори науда қайд карда шуд, ки борои ба воя расонидани чунин ҷавонони чолок, масъулиятнок ва ватанпараст Ватан ифтихор менамояд. Сипас маросими нонгазонии наваскарон оғоз гардида модарон ба фарзандони худ барои сиҳату саломат бозгашташон ба канорашон ба онҳо дуо дода насиҳат намуданд, ки ба Ватани худ ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон содиқона хизмат намоянд.