ВОКУНИШ оиди баромади роҳбари ташкилоти экстремисти терористи Муҳиддин Кабири дар сомонаҳои интернети

Печать
PDF

Мо боре ба худ савол диҳем мо кистем? Донем ва ҳамавақт ифтихор намоем, ки мо “Тоҷиконем” ! Дар дунё мо танҳо як давлат дорем ин Тоҷикистони азизу меҳрубони мост. Мо тоҷикон миллати кӯҳанбунёд буда ворисони Авасто мебошем, ифтихор аз он шахсони бузурги миллат А. Рудакӣ, У. Хайём А.Фирдавсиву дигарон дорем, ки бо шарофати онҳо дар ҷаҳони муосир шинохта шуда миллати тоҷикро бо маданияту марифати хештаншиносиамон эътироф кардем.

Аммо ба ҳамагон маълум аст, ки дар ҳама давру замон дар сохтори давлатдори тамоми дунё шахсони разилу хиёнаткор ба мисли Мухиддин Кабири ва оилаи Тӯраҷонзодаҳо ба назар мерасад. Онҳо таълимот ва ташфиқоти худро бо роҳҳои нозукии мафкураи инсониятро бо роҳҳои маълумотҳои бардуруғ тағир дода аз ақидаҳои дину мазҳаби бегона ки мардуми содда боре аввал шунида истодааст ба худ шомил мекарданд. Бояд донист, ки дар сиёсати паси пардаҳои созмон ва ташкилотҳои кашшофии давлатҳои абарқудрат муҳорибаҳои гуногун бо мақсади сарнагун кардани режими идоракунии давлат ва мамлакати бегона инчунин ба манфиати худ мавқеъи идоракуниро васеъ намудан рафта истодааст. Ин рӯ мамлакатҳои абарқудрат чунин шахсони разил ва хиёнаткор ба мисли М.Кабири ва оилаи Тураҷонзодаҳоро хуш мепазиранд. Онҳо намехоҳанд кишвари мо Тоҷикистони азизамон тарақи ва инкишофи иқтисодиро ба даст орад, мехоҳанд Тоҷикистон аз онҳо бо воситаи молиявӣ муттаҳам намуда ҳамкориро ба манфиати худ ба роҳ монад. Бинобар ин М.Кабири ба ин макру фиреби хоҷгони берун аз кишвар дода шуда таълимоти диниву дунявиро бо маблағҳои онҳо омухтааст. У барои ташкил намудани ҷомеаъи исломи ва сарнагун кардани сохтори давлатдории Тоҷикистон сафарбар карда шудааст.

Ба ҳамагон маълум аст, ки М.Кабири дар сомонаҳои интернети нисбати сохти давлатдории мо ва роҳҳои пешгирифтаи Пешвои миллат Перезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаҳои инкишофи ҳамаҷонибаи мамлакат фикру ақидаҳои ғараздори худро баён намуда истодааст. Хоб ба гуфтаи ӯ назар кунем чӣ хоҳем фаҳмид оилаи Тураҷонзодаҳо ва оилаи Кабириҳо киҳоанд ва ба мо чӣ овардааст, чӣ гуна корҳоро ба манфиату миллати тоҷик анҷом бахшидаанд. Солҳои ҷанги бародаркуширо фаромуш накунем сарзаниши ҷанг ва чӣ кулфату хунрезӣ ба мардуми осоишта оварда расонидаанд. Чандҳо бародарони мо фарзандони мо ҷони худро барои барқарор кардани сохти конститутсиони ҷон изҳор карданд. Онҳо роҳи дини Ислом пеш гирифта аз нозукии мардуми осоишта истифода бурда ба макру фиреби исломи бо шиори “Барпо кардани давлати исломи” ва нест кардани олимон ва зиёион, ки бо шарофати онҳо ҷомеаъ кофир гашта истодааст гуфта яроқу аслиҳаро ба шаҳрвандон тақсим намудаанд.

Айни замон М.Кабири мисли ҳашароти хазанда дар мамлакатҳои Аврупо пинҳон шуда тариқи сомонаҳои интернети худро роҳбари Пайёми миллии тоҷикон эътироф карда бо марӯзаҳои пешакии хоҷагони бурун кишвар ба тамоми дунё баромад намуда истодааст. Ӯ чи мехоҳад, ки мо имруз ба найранги навбати ӯ фирефта шавем. Хато мекунад мо дидем ӯ ва ҳаммаслаконаш аз ҷумла Мулло Абдулло, Алӣ Бедакӣ, Мирзо Ҷага ва Ҳоҷи Ҳалим баъди бастани созишномаи Сулҳ ба чӣ корҳо даст задаанд хунрезии намудаи онҳоро мо фаромӯш намекунем. Бовари дорам, ки мардум ба рафтори ғаризонаи Кабироиҳо эътибор намедиҳанд, зеро ӯ то рафт сиру кирдорҳои ҷиноии худро ошкор намуда истодааст. Ба каментарияҳои бардуруғи ӯ вақти бебаҳои худро сарф насозанд. Кирм ҳам то рафт бо ҳашароти дигар табдил ёфта несту нобуд мешавад.

Мо тоҷикон ба ин рӯзҳои нек бо чӣ гуна азобу ранҷҳо, гуруснагиву қаҳатӣ гурезагиву ҷонизҳоркуни баҳри озодиву истиқлолият ноил гаштем фаромуш намешавад. Ба худ роҳнамои оқил дорем ин бошад Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад шахсан ман ва бовари дорам, ки ҳар як фарди кишвар аз доштани чунин роҳбари давлат ва миллати озод фахр мекунад, инчунин барои ҳимояи миллату ва Ватани ҷон изҳор эъмин намедорад.