Ҳашари умумихалқи

Печать
PDF

Кумитаи  ижроияи  Ьизби Халыии Демократии Тожикистон дар ноҳияи Шаьристон дар доираи 1300 р=зи меьнати зарбдор бахшида ба тажлили сазовори жашни 30-солагии Истиылолияти давлатии Жумьурии Тожикистон бо мақсади ободу зебо намудани намуди зоҳирии ноҳия ва инчунин тоза намудани кучаю ҷуйборҳо дар қаламрави ноьия таъмоми аъзо ва ҷонибдорони сиёсати имрӯзаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон камари ҳимат бастанд. Дар ҳашари мазкур


2300 нафар нафарони касбу кори гуногун баромада зиёда аз 12ҳазор метр ҷӯйборҳо тоза карда шуд, аз се мошини боркаш партовҳо аз маркази ноҳия бароварда шуд. Қубурҳои обгузар аз регу қум, ки қариб чор мошини боркаш буд дар мувозинаи ташкилоти ибтидоии “Хоҷагии об” қарор дорад тоза карда шуд. Дар ҳашари мазкур ташкилотҳои ибтидоии “Маҳаллаи Шаҳристони боло”, “Хоҷагии об”, “Хоҷагии манзили комунали”, “МНДРА”, “Ориёи”, “Амонатбонк”, “Ободӣ” саҳми зиёдтар нисбат ба ташкилотҳои дигар гузоштанд.
Инчунин бино утоқҳои кори ва назди бинои кумитаи иҷроия р=бу чин карда шуд. Дар он жое, ки тоза ва озодаги ҳукмрон аст, кор пеш рафта барои зебогии диёри худ мардум дар дил қувват пайдо мешавад, ободи, гул-гул шукуфоии  Ватани азизмон намоён мегардад.