“Бонувони ибратбахши ҳизб”

Печать
PDF

Бо ташаббуси шӯъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон  бахшида ба ҷашнгирии 25-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аксияи аёдати таҳти унвони “Бонувони ибратбахши ҳизб” багузор гардида истодааст. Аёдати собиқадорони ҲХДТ яке аз вазифаҳои асосии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон мебошад.  Кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон дар асоси  самти фаъолияти кумитаи иҷроия бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузорӣ сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама деҳаҳои ноҳия аз ҳол ва аҳволи зисти якчанд  собиқадорони ҳизб хабар гирифта   аёдат карда шуд.  Эътибор ва гироми доштани меҳнатҳои беназири собиқадорон барои рушд ва равнақ  ёфтани ҲХДТ,  заҳматҳо  намуданд  дар мадди аввали сиёсати имруза мебошад. Бинобар ин кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳристон  тасмим гирифт, ки ба ҳар як хонадони собиқадорони ҳизб, ҳизби бо нуфузи Тоҷикистон қадам монда аз вазъи зиндагонии онҳо бохабар шуда меҳнатҳои онҳо дар назди ҲХДТ қадрдонӣ карда мешавад. Ҳамаи онҳо миннатдории хешро баҳри Пешвои муаззами миллат баён намуданд.