Ҳунар беҳ аз симу зар

Печать
PDF

Дар асоси нақшаи кории КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон бо мақсади  тарғибу ташвиқи ҳунарҳои мардумӣ бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ”  дар ташкилоти ибтидоии  “Ориёӣ”  чорабинии фарҳангӣ  аз ҷумла намоиши ҳунарҳои мардумӣ, ҳунарҳои зеҳнии  талабагон ва пешкаш намудани дастовардҳои кишоварзӣ гузаронида шуд. Меҳмонони ташрифоварда бо ҳунарҳои дастии ҷавонон шинос шуда, аз қобилият ва ҳунарҳои зеҳнии  онҳо баҳрабардорӣ намуданд. Қобили қабул аст, ки ҷавонони мо имрӯзҳо қувваю зеҳн ва қобилияти  худро на оворагардӣ, машғулшавӣ бо бозиҳои компютерӣ, истифодаи шабакаҳои интернет барои манфиати худ, барои корҳои беҳуда сарфа мекунанд,  балки барои пешрафти мамлакати азизамон ва  азнавбарқароркунии ҳунарҳои куҳани мардуми тоҷик ҷиду ҷаҳд доранд. Ва онҳо аз он ифтихор доранд, ки барои ободонии ватани азизамон ҳиссаи худро гузошта истодаанд