Муҳтавои Паём

Печать
PDF

Мутобиқи нақшаи тасдиқгардида КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон  дар толори ТИ “Маҳаллаи Истаравшан” бо иштироки Раиси ноҳия Ҷалилзода А.  ва раисони ташкилоту корхонаҳои маҳалли вохӯри оиди  муҳтавои  нуқтаҳои асосии Паёми Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маҷлис  Раиси ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон  Рустам Қодирӣ  баромад намуда ба аҳли нишаст оид ба самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакат барои давраҳои оянда, оиди пешбурди соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, ки  дар суханронии Ҷаноби Олӣ баён гардидааст  суҳбатҳо намуд. Инчунин вазифаҳои асосии мақомотҳои давлати ва маҳалли мулоқотҳо гузаронида шуд.