Конференсияи ХХII КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон

Печать
PDF

Дар таърихи 14.10.2020 сол идомаи Конфренсияи ХХII Ҳизби Ҳалқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳристон баргузор шуд. Дар Конфренсия мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар вилояти Суғд Бобоҷонова Мутриба, раиси ноҳия Ҷалилзода Ашуралӣ ширкат варзиданд. Конференсияи мазкурро Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Рустам Қодирӣ ифтитоҳ намуд. Дар Конференсия 1 масъала мавриди барраси қарор гирифт.

1.Пешбарии номзадҳо ба вакилии Маҷлисҳои вакилони халқи

вилояти Суғд ва Маҷлисҳои вакилони халқи ноҳияи Шаҳристон.

Барои дар сатҳи баланди ташкили гузаронидани идомаи Конференсия ХХII КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон, котибот ва комиссияи таҳририя ба кори худ шурӯъ кард. Оиди масъалаи мазкур Раиси кумитаи иҷроия баромад намуда бо розигии вакилон оид ба пешбари номзадҳо ба вакилии Маҷлисҳои вакилони халқи вилояти Суғд ва Маҷлисҳои вакилони халқи ноҳияи Шаҳристон баромад намуда овози вакилон оиди номзадҳои эҳтимоли гирифта шуд. Намояндаи КИВ Бобоҷонова Мутриба ва Раиси ноҳия Ҷалилзода А, собиқадорони ҳизб Зоиров ва Улмасов Ш баромад намуданд. Оиди пешбарии номзадии Ҷалилзода А ба вакилии халқи вилояти Суғд дар масаъла гузошта шуд, вакилон бо як овоз номзадии Ҷалилзода А дастгири намуданд. Инчунин ба 35 ҳавза номзадҳо пешбари карда шуд. Конференсияи XXII КИ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳристон пушида эълон карда шуд.