Ҷашни Сада дар ноҳияи Шаҳристон

Печать
PDF

Имруз дар маркази ноҳияи Шаҳристон ҷашни «Иди Сада» бо иштироки меҳмонон ва сокинони ноҳия ва бо як шахомати хоса баргузор гардид. Дар ин чорабини Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон, Раиси ноҳия, Раисони ташкилоту муассисаҳо ва раисони ташкилотҳои ибтидои, занҳои хонашин, соҳибкорону ҳунармандон ва меҳмонон  иштирок намуданд. Аз ҷониби  аъзоёни фаъоли ҳизб ва  ҳунармандони ноҳия намоиши ҳунарҳои мардумӣ аз рӯи намуди сару либоси миллӣ, қуроқдӯзй, гилембофӣ, кешбофӣ, гулдӯзӣ сабадбофӣ, оҳангарӣ ва хӯришу таомҳои миллӣ  дастархони ороста ва аз тарафи кишоварзон ниҳолҳои мевадиҳанда ва ҳамешасабз ба намоиш гузошта шуд.