МО ЗИДДИ КОРРУПСИЯ

Печать
PDF

КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон дар асоси нақшаи кори бо мақсади  тарғибу ташвиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар ҶТ барои солҳои 2013-2020 ба кисми низомии Қушунҳои сарҳадии ноҳия ташриф оварда бо афсарону сарбозони қисми низомии мазкур суҳбатҳо таҳти унвони “Мо зидди коррупсия” доир карда шуд.  Дар суҳбат мудири шуъбаи ташкилии  КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон Ғоибов С. ба низомиён оиди роҳ надодан  ришвахуриву ришваситонӣ дар фаъолияти рузмарра, тарбия намудани сарбозон ва наваскарон мубориза бар зидди амалҳои хоси коррупсиони дошта  ва  гарчи бештар гузаронидани соатҳои сиёси доир ба мавзуъҳои талаботҳои Кодексҳои маъмурӣ ва ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон поймолкунии ҳуқуқҳои низомиву шаҳрвандӣ ва  мубориза бар зидди коррупсия ба афсарону сарбозон ҳидоят карда шуд