Вохӯрии аъзоёни ҲХДТ бо сарбозон

Печать
PDF

Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон Қодирӣ Р. мудири шӯъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳо  Ғоибов С.Ф. ва  мудири бахши кор бо занони кумитаи иҷроия Примқулова З.  дар ҳошияи сафари корӣ бо тарғиботу ташвиқоти Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 дар маракаи муҳими сиёсӣ, интихоботи вакилони арзанда ба Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Фирдавсӣ ташриф оварда бо афсарону сарбозони қисми низомии ВМ ҶТ “Дуоба” мулоқот баргузор намуданд. Дар мулоқот Раиси кумитаи иҷроия оид ба Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025, муқаррароти қонунҳо дар бораи интихобот, ташкил ва раванди гузаронидани маракаи интихоботӣ ва нисбати овоздиҳии сарбозону афсарон ба номзадҳои арзандаи ҲХДТ сухан намуданд.