Аксия таҳти унвони «Тоҷикистон- Ватани азизи ман»

Печать
PDF

Кормандони Кумитаи иҷроияии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳристон мудири шуъбаи ташкилӣ  ва кор бо кадрҳо Ғоибов С.Ф ба чойхонаи 25 солагии Ваҳдати миллӣ   ташриф оварда, бо собиқадорони ҳизб, ҳоҷиён ва мӯйсафедони ноҳия суҳбат баргузор намуд. Дар вохури корманди кумитаи иҷроия бо зиёион дар сари як пиёла чой мақсади ташрифи худро ошкор намуда, оиди гузаронидани озмун ва аксия дар қаламрави ноҳия  таҳти унвони «Тоҷикистон- Ватани азизи ман» ро баён намуд. Пирони нуфузманди ноҳия ба ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дасти дуо кушода,  шукронаи  чунин фарзанди фарзонаи миллат намуданд ва аз даргоҳи яздони пок умри бардавом хостанд.