Сӯҳбати рӯ ба рӯ

Печать
PDF

Дар асоси дастуру супоришҳои муовини  якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  мӯҳтарам Абдуҷаббор Азизӣ, ки чунин таъкид намуда буданд:  “баргузор намудани аксияҳо, мулоқотҳои  “кӯча ба кӯча”  суҳбатҳои “рӯ ба рӯ” бояд аз усулҳои таъсирбахши фаъолон ва гурӯҳҳои таблиғотии мо бошанд” дар ин ҷода кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон аксияи  “ Сӯҳбати рӯ ба рӯ”-ро бо сокинони маҳаллаи Шаҳристони боло баргузор намуд. Бо роҳбарии Раиси КИҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон Қодрӣ Р чорабинӣ оғоз гардида  вакили маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавхаи интихоботии №3 “Марказ” Акрамзода А ба интихобкунандагон вохӯри  намуда оид ба корҳои дар пеш истода маълумот дод. Аз тарафи интихобкунандагон низ хеле хуш пазируфта шуда зери шиори "Якҷоя обод мекунем" камари ҳимат бастанд.