Вохурии таблиғоти бо узви ТҶҶ «Созандагони Ватан” КИ ҲХДТ дар ноҳия Шаҳристон

Печать
PDF

Дар асоси нақшаи кории мудири шӯъбаи ташкили ва кор бо кадрҳои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳристон дар ташкилоти ибтидоии «Омузгори ҷавон» ташриф оварда бо хонандагони варзишгар вохӯрӣ доир намуд. Дар вохури оид ба суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Пайёми навбати, ки  “Варзиш ба фаъолияти ҷавонон алоқамандии мустақим дорад” ва “ҷорӣ намудани навъҳои мухталифи варзиш, баргузор намудани мусобиқаҳои мунтазам” суҳбатҳо гузаронида шуд. Ба омузгорон ва варзишгарони ҷавон маслиҳат дода шуд, ки бинобар  бунёд гардидани майдончаҳои варзишӣ ва  шароити мусоид фароҳам овардан ба насли наврас мунтазам мусобиқаҳои варзиши гузаронида шавад,  ки солимии инсон дар варзиш мебошад баён карда шуд.