Мутоилаи китоб:АНИСИ КУНҶИ ТАНҲОӢ КИТОБ АСТ

Печать
PDF

Фарҳанги тамаддуни аҷдодони миллати тоҷик аз маданият ва маърифати баланди фарҳангӣ, дар ҷаҳони муосир шинохта шуда, бо олимони барҷастаи худ, аз ҷумла, олимони тиб, риёзиёт, кимё, астрологҳо ва файласуфони даврони худ машҳур мебошад. Манбаи асосии маданият ва мафкураи инсоният аз мутолиаи китобҳои илмиву  фанҳои дақиқ буда, ҷаҳони муосирро бо назари илм аз худ  карда, ақидаи шахсии худро дар борои олами башар пайдо намуда,  пайравони маданияти бегона ва шахсони фосиқ нагардида, хештаншиносии миллии худро нахоҳанд кард. Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро пайгирӣ намуда, барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум саҳми худро гузошта истодааст. Қайд кардан ба маврид аст, ки аз ҷониби Ҷаноби Олӣ эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” дар Паёми ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баёнгардида, бо иштироки кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон, аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан”, кормандону роҳбарони ташкилотҳои ибтидоӣ, ва аъзоёни фаъоли ҳизб рӯзҳои омӯзиш ва хондани асарҳои бадеиро ба роҳ монда истодааст. Рӯзҳои омӯзиши китобҳои бадеи дар китобхонаҳои ташкилоту корхонаҳо ва муассисаҳои таҳсилоти миёна, аз ҷумла, дар ТИ “Ориёи” ТИ “Ободӣ”, ТИ “Чашмаи Шаҳристон” бо иштиоки зиёда аз 80 нафар фаъолони ҲХДТ баргузор гардидааст ва идома хоҳанд ёфт. Ҷалби ҷавонону наврасон ба хондани китобҳои бадеиву илмӣ дар муассисаҳои таҳсилотӣ мунтаззам гузаронида, ТҶҶ “Созандагони Ватан” бо шуъбаи маорифи ноҳияи Шаҳристон ҳамкорӣ намуда, озмунҳо, таҳти унвонҳои “Мавкеъи ҲХДТ дар пешрафти ҷомеа”, “Ҷавонон ояндаи миллатанд” ва “Сулҳу осоиштаги беҳ аз ҷангу норомӣ”-ро хоҳад гузаронд.