Аксия таҳти унвони «Саломатии миллат-сарвати бебаҳост»

Печать
PDF

Бо ташаббуси ТҶҶ “Созандагони Ватан” КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон дар саросари ноҳияи бо иштироки волонтёрон ва кормандони “Маркази тарзи ҳаёти солим” беморхонаи марказии ноҳияи Шаҳристон аксия таҳти унвони “Саломатии миллат-сарвати бебаҳост” баргузор намуд. Мақсад аз гузаронидани чунин аксия ҷалби тамоми мардуми шарифи Шаҳристон барои риоя намудани пеш аз ҳама гигиенаи шахсӣ ва бурдани тарзи ҳаёти солим мебошад. Дар аксия бо ёрии волонтёрон барои аҳолии ноҳияи Шаҳристон варақаҳои таблиғотӣ оид ба пешгири аз бемориҳои сироятӣ тақсим карда шуда, аз ҷониби кормандони МТҲС муҳтавои бемории сироятии COVID 19 фаҳмонида дода шуд.