Маҷлиси ташкилоти ибтидоии "Мадад"

Печать
PDF

Дар ташкилоти ибтидоии "Мадад" маҷлиси навбатии ташкилоти ибтидои баргузор шуд. Дар маҷлиси мазкур масъалаҳои интихоби раиси ташкилоти ибтидои, ҷамъбасти шашмоҳаи фаъолияти ташкилоти ибтидои, ва масъалаҳои ҷори дида баромада шуд. Дар масъалаи якум раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон Р. Қодирӣ суханрони намуда қайд намуданд, ки бо сабабаи ба кори дигар гузаштани раиси ташкилоти ибтидоии "Мадад" Ҳоҷиев Шокир мо бояд раиси ташкилоти ибтидоиро аз нав интихоб намоем бо пешниҳоди раиси кумитаи иҷроия Рузибоев Қаҳрамон раиси ташкилоти ибтидои ба аъзоён муаррифи шуда ба овоз гузошта шуд ва ҳама аъзо бо як овоз интихоб намуданд. Оиди масъалаи дуюм Ҳоҷев Шокир баромад намуда фаъолияти шашмоҳаи аввали ташкилоти ибтидоиро ҳисобот дод. Инчунин масъалаҳои ҷори низ барраси шуда ҳаллу фасл ёфтанд ва ба ҳар як масъала қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.