Вохурии куча ба куча

Печать
PDF

Бо роҳбарии Рустам Қодирӣ- Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон  дар ҳайати гуруҳи таблиғотӣ иборат аз занони фаъол Баротова Гулнора – мудири шуъбаи кор бо занони МИМҲД, Бобокалонова Барно – мудири САҲШ дар ноҳия ва Гулмуродова Улмасой – ҷонишини мудири шуъбаи кор бо занон ба деҳаи Ободии ноҳия ташриф оварда, бо аҳолии деҳа суҳбату мулоқотҳои озод баргузор намуданд. Дар мулоқот ва вохӯриҳо гуруҳи таблиғотӣ оид ба пешгирии бемории сироятии COVID-19, ки бо ном “Коронавирус” ҷаҳонро таҳдид намуда, оламиёнро ба тарсу ваҳм овардааст, маълумот дода шуд. Инчунин, аз тарафи гуруҳи таблиғотӣ таъкид карда шуд, ки ҳар як шахс ба гигиенаи шахсии худ риоя намояд, бе ниқоб ба ҷойҳои ҷамъиятӣ гаштугузор накарда, ҳангоми вохӯрӣ бо якдигар саломи дастӣ ва ба оғӯш гирифтани ҳамсуҳбат ва як муддат аз рафтан ба меҳмониву ҷанозаҳо худдорӣ намудан таъкид карда шуд.