АКСИЯ ТАҲТИ УНВОНИ “ХУД ВА ДИГАРОНРО ҲИФЗ НАМО”

Печать
PDF

КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон иқдом гирифтааст, ки аксия таҳти унвони “Худ ва дигаронро ҳифз намо” гузаронида шавад. Аксияи мазкур дар бозори марказии ноҳия гузаронида шуда, аз тарафи кормандони кумитаи иҷроия барои ҳар як фурӯшандагони бозор ниқобҳои махсуси тиббӣ тақсим карда шуд. Ниқобҳо нафақат ба фурӯшандагон, балки ба якчанд нафар харидорон низ тақсим карда шуд. Зимни тақсимоти ниқобҳо барои фурӯшандагон таъкид карда шуд, ки ҳангоми хариду фурӯши маҳсулот масофаро нигоҳ дошта, ба тозагӣ риоя намоянд ва кӯшиш ба харҷ диҳанд, ки маҳсулотҳои тозаву босифатро барои аҳолӣ дастрас намоянд.