ҲИЗБИЁН ҲАМДАМИ ХАЛҚАНД

Печать
PDF

Бо роҳбарии Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон Рустам Қодирӣ, гуруҳи таблиғотӣ бо мақсади корҳои фаҳмондадиҳӣ ва руҳбаланд намудани мардум сафари кории худро аз деҳаи Навкенти ноҳия оғоз намуд. Гуруҳи корӣ дар тамоми маҳаллаҳои деҳа гаштугузор намуда, бо мардуми ин деҳа мулоқоти рӯ ба рӯ гузаронид ва оиди бемории сироятии COVID-19, ки бо ном “Коронавирус” маълум гашта, ба сари оламиён мусибат овардааст, маълумот дод. Инчунин, таъкид гардид, ки аввало ба гигиенаи санитарию эпидемиологӣ риоя намоянд, аз маҳлулҳои антисептикӣ зуд-зуд истифода намуда, ҳангоми баромадан ба кӯча ниқобҳои тиббиро ҳатман фаромӯш нанамоянд ва кӯшиш намоянд, ки кӯдакону калонсолонро дар хонаҳо нигоҳ доранд. Дар рафти суҳбат Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон Рустам Қодирӣ зикр намуд, ки заминҳои наздиҳавлигии худро самаранок истифода намуда, коштани картошкаву дигар зироатҳои полезиро давом диҳанд, то ки барои зиндагии ояндаашон захира карда бошанд.