Идомаи аксияи “Худ ва дигаронро ҳифз намо”

Печать
PDF

КИ  ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон дар асоси нақшаи корӣ аксияро таҳти унвони  “Худ ва дигаронро ҳифз намо” идома дода истодааст. Имрӯз кормандони кумитаи иҷроия барои пешгирии бемории сироятии COVID-19 ба кормандони корхонаи давлатии фаръӣ-хоҷагии манзилии коммуналӣ, ниқобҳои махсуси тиббӣ тақсим намуданд. Аз тарафи кумитаи иҷроия ба кормандони КДФ-ХМК барои хизматҳои шоистаашон дар тозаву озода нигоҳ доштани кӯчаҳову роҳравҳо миннатдорӣ баён карда шуд. Инчунин, зимни мулоқот бо кормандони ин корхона, баён гардид, ки саҳми шумо барои зебову озода нигоҳ доштани мамлакати азизамон зиёд буда, ободонии Ватан низ аз хизматҳои пурмашаққати шумо далел аст, чунки ҳар кас аз уҳдаи ин кор намебарояд ва барои баъзе шахсон ин касб шармовар аст. Зеро, бо меҳнати ҳалол нон ёфтан, ягон ҷойи шармӣ надорад.