ДАР ХИЗМАТИ ХАЛҚУ ВАТАН

Печать
PDF

Раиси кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳристон Рустам Қодирӣ ҳамчун вакили халқи ноҳия дар якчоягӣ бо кормандони кумитаи иҷроия ба хонаи ҳамшираи тиббии шуъбаи бемориҳои сироятии беморхонаи марказии ноҳия Қодирова Гулчеҳра ташриф оварда, барои содиқ будан ба вазифаи ҷонӣ ва хизматҳои арзанда барои мардуми ноҳия дар ин шароити вазнин, сипосгузорӣ намуда,  корҷомаи тиббӣ туҳфа карда шуд. Ҳамшира Қодирова Гулчеҳра аз дидорбинӣ бо вакили халқи ноҳия, кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон ва аз ин туҳфа хеле шод гардида, миннатдории хешро барои Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва КИ ҲХДТ дар ноҳия Шаҳристон баён намуд.