Эҳсони соҳибкор

Печать
PDF

Бо ташаббуси Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳристон Рустам Қодирӣ дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди ҷалби соҳибкорону шахсони саховатпеша дар корҳои хайру саховат барои дастгирии оилаҳои камбизоат, кормандон ва оилаҳои табибон, шахсони барҷомонда ва ятимони кул чораандешӣ гардида истодааст. Яке аз ин шахсони соҳибкор, ки зодаи ноҳияи Шаҳристон буда, шахсияташро ифшо кардан нахост, ба 9 хонадон, аз ҷумла, ба оилаҳои камбизоат, кормандон ва оилаҳои табибон, шахсони барҷомонда ва ба ятимони кул, бо маблағи пулӣ дар ҳаҷми 2400 (ду ҳазору чорсад) сомонӣ хайру саховат намуданд. Дар оянда ин гуна корҳои хайр боз идома хоҳад ёфт.