Идомаи аксияи “Худ ва дигаронро ҳифз намо”

Печать
PDF

Аксия таҳти унвони “Худ ва дигаронро ҳифз намо” дар қаламрави ноҳия идома ёфта истодааст. Имрӯз кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон бо мақсади бурдани корҳои таблиғотӣ ва тақсим намудани ниқобҳои махсуси тиббӣ ба деҳаи Бакрободи ноҳия ташриф оварда, бо мардуми ин деҳа суҳбати рӯ ба рӯ гузарониданд ва оиди бемории сироятии COVID-19 маълумот дода, ба ҳар яки онҳо ниқобҳои махсуси тиббии зидди беморӣ тақсим гардид. Инчунин, зимни суҳбат бо аҳолӣ таъкид гардид, ки бе ниқобҳои махсуси тиббӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ гаштугузор нанамоянд, дастонро тез-тез шуста, аз маҳлулҳои безараргардонӣ истифода намоянд, бе ягон зарурат аз хонаҳо набароянд.  Дар охири мулоқот чунин баён гардид, ки пешгирӣ беҳтар аз табобат. Аз ин рӯ, барои саломатии худ, фарзандон ва ҷамъият бе аҳамият набуда, ба қоидаҳои дар боло зикргардида риоя намоед