КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ ОИД БА ПЕШГИРИИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ

Печать
PDF

Бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон дар асоси барқияи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти №22 аз 8 майи соли 2020  кормандон барои корҳои фаҳмондадиҳӣ оиди пешгирии бемории сироятии “Коронавирус”,  барои тақсим намудани варақаҳои таблиғотӣ ва ниқобҳои махсуси тиббӣ ба деҳаи Бӯстони ҷамоати деҳоти Шаҳристон сафарбар карда шуданд. Кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон корҳои фаҳмондадиҳиро бо усули хона ба хона гузаронида, мардумро таъкид намуданд, ки барои саломатии худ ҳар як шахс бояд қоидаҳои беҳдоштро риоя намояд, бахусус, ба тарсу воҳима роҳ надодан, нигоҳ доштани масофаи байни ҳамдигар, пушидани ниқобҳои тиббӣ ва даспӯшакҳои махсус, набаромадан аз хона бе ягон зарурати ҷиддӣ, худдорӣ намудан аз нӯшидани нӯшокиҳои хунук ва худдорӣ намудани кӯчабароии шахсони аз 65 сола болобударо.