Корҳои фаҳмондадиҳии хона ба хона

Печать
PDF

Гуруҳи таблиғотӣ бо роҳбарии Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар якҷоягӣ бо корманди Ҷамоати деҳоти Шаҳристон Қаюмов Ваҳҳоб ба деҳаи Бӯстон ташриф оварда, корҳои фаҳмондадиҳиро бо усули хона ба хона ба роҳ монданд. Дар марҳилаи гардиши хона ба хона гуруҳи корӣ оид ба вусъати коштани картошкаву дигар зироатҳои полезӣ ва пешгирии бемории сироятии Коронавирус корҳои фаҳмондадиҳӣ ба анҷом доданд.