ИДОМАИ КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ

Печать
PDF

Бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон гуруҳи таблиғотӣ дар деҳаи Ваҳдати Ҷамоати деҳоти Шаҳристон гардиши хона ба хона баргузор намуд. Дар мулоқот бо шаҳрвандон гуруҳи таблиғотӣ  оиди вусъат ба кишти картошка ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятӣ Коронавирус гузаронида шуда, мардумро таъкид намуданд, ки барои саломатии худ ҳар як шахс бояд қоидаҳои беҳдоштро риоя намояд, бахусус, ба тарсу воҳима роҳ надодан, нигоҳ доштани масофаи байни ҳамдигар, пушидани ниқобҳои тиббӣ ва даспӯшакҳои махсус, набаромадан аз хона бе ягон зарурати ҷиддӣ, худдорӣ намудан аз нӯшидани нӯшокиҳои хунук ва худдорӣ намудани кӯчабароии  шахсони аз 65 сола болобуда фаҳмонида дода шуд.