МАРДУМ САРШОРИ КОРҲОИ ДЕҲҚОНӢ

Печать
PDF

Кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон Ғоибов С.Ф ва Каримова Ш.Ҳ бо мақсади корҳои фаҳмондадиҳӣ баҳри пешгирии паҳншавии бемории сироятии  “Коронавирус”, тақсимоти варақаҳои таблиғотиву ниқобҳои тиббӣ ва дидан намудан аз заминҳои наздиҳавлигӣ ба деҳаи Гулистон сафарбар карда шуданд. Зимни мулоқоти хона ба хона ба мардуми деҳа оиди пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус фаҳмонида шуда, таъкид гардид, ки ба қоидаҳои гигиенаи шахсӣ риоя намоянд ва даст задан аз амалҳои манъкардашуда (аз хона баромадан бе ниқобҳои тиббӣ, гаштугузор намудан дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, оғӯшгирӣ намудан ҳангоми вохӯрӣ ва бе ягон зарурат баромадан ба кӯча) худдорӣ намоянд.  Масъулин ҳангоми мулоқот аз заминҳои наздиҳавлигӣ дидан намуда, шоҳиди он гаштанд, ки мардум саршори корҳои деҳқонӣ буда, барои гирифтани ҳолиси фаровон кӯшиш намуда истодаанд.