Меҳнаткашони мардуми кӯҳистон

Печать
PDF

Санаи 26 майи соли ҷорӣ гуруҳи таблиғоти бо рохбарии Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон Қодирӣ Р ва мудири бахши кор бо занони кумитаи иҷроия Примқулова З.М. бо мақсади корҳои фаҳмондадиҳӣ баҳри пешгирии паҳншавии бемории сироятии “Коронавирус”, дидан намудан аз заминҳои наздиҳавлигӣ ба деҳаи Бустони ҷамоати деҳоти Шаҳристон сафар карданд. Зимни мулоқоти хона ба хона ба мардуми деҳаи куҳистони оиди пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус фаҳмонида шуда, таъкид гардид, ки ба қоидаҳои гигиенаи шахсӣ риоя намоянд ва даст задан аз амалҳои манъкардашуда, аз хона баромадан бе ниқобҳои тиббӣ, гаштугузор намудан дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, оғӯшгирӣ намудан ҳангоми вохӯрӣ ва бе ягон зарурат баромадан ба кӯча худдорӣ намоянд. Масъулин ҳангоми мулоқот аз заминҳои наздиҳавлигӣ дидан намуда, шоҳиди он гаштанд, ки мардум саршори корҳои деҳқонӣ буда, барои кишти картошка кӯшиш намуда истодаанд.