Дуои мӯйсафеди 91-сола

Печать
PDF

Гуруҳи кории тарғиботиву ташвиқотӣ бо роҳбарии Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон Рустам Қодирӣ ба мавзеи басо зебои ноҳия, Хуррамдара ташриф оварда, бо Ҳуснӣ бобо ном пирамарди 91-сола, ки тӯли чандин солҳост дар ҳамин мавзеъ зиндагии шоиста

ба сар мебаранд, мулоқоти судманд анҷом дода шуд. Дар рафти мулоқот Ҳуснӣ бобо баён намуданд, ки дар давоми зиндагии ман ин вабо, ки бо ном Коронавирус аҳли ҷаҳонро таҳдид намуда истодааст, аввалин маротиба набуда, балки дар синни 14-15 солагӣ низ мисли ҳамин гуна вабову бемориҳоро дида будам. Дар он замонҳо, ки соҳаи тиб наонқадар ривоҷ ёфта буд, бисёр одамон ҳалок гардида буданд, аммо табибони он замона ҳар қадаре, ки аз дасташон меомад барои мардум ёрӣ мерасониданд. Инчунин, мардумро  таъкид менамуданд, ки ба тозагии шахсии худ ва ҷомеа амал намоянд, одамони зиёд дар як ҷой ҷамъ нашаванд, ва дар кӯчаву бозорҳо гаштугузор накунанд то ваборо ба зудӣ мағлуб созанд. Ва албатта омадани фасли тобистон,  ки ҳаво хеле гарм буд, сабаби оҳиста-оҳиста  аз вабо тоза шудани замин гашт.      Зимни мулоқот мӯйсафеди нуронӣ даст ба дуо кушода, таъкид намуд, ки ин гуна вабоҳо бар сари одамизод аз замонҳои пешин омадааст, вале бо гузашти вақт боз нобуд гаштааст. Албатта мо низ ин бемориро мағлуб месозем ва боз ба зиндагии осудаву тӯю тамошоҳо бармегардем.