Гурухи кори дар кумитаи иҷроияи ноҳияи Шаҳристон

Печать
PDF

Субҳи имрӯз бо роҳбарии муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ як гурӯҳи корӣ аз шаҳри Душанбе аз Кумитаи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ноҳияи Шаҳристон ташриф оварданд.  Инчунин  ин гурӯҳи кориро Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Сатториён Матлубахон Амонзода ҳамроҳи намуданд.  Сараввал бо раиси ноҳияи Шаҳристон Ҷалилзода Ашӯралӣ дар утоқи кории эшон вохӯрии судманд анҷом доданд. Дар вохӯрӣ масъалаҳои муҳими рӯз яъне  пешгири аз касалиҳои сирояти аз ҷумла СОVID 19, ки тамоми дунёро ба по хезонидааст, самаранок истифода намудани заминҳо, таъмин намудани кумитаи иҷроия бо хоҷагии ёрирасон, иҷроиши нақшаи обуна ба нашрияи “Минбари Халқ” ва аз ҳама муҳим оғози бинои нави кумитаи иҷроия бо интихоби дурусти замин барои бино мавриди барраси қарор гирифт. Якҷоя ҳама ба саҳни МИМҲД и ноҳия  баромада аз замини интихобшуда барои бинои нав дидан намуданд. Сипас гурӯҳи кори ба бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳристон барои санҷиш роҳсипор шуданд. Дар назди бинои кумитаи иҷроия кормандон ва раиси  кумитаи иҷроия Рустам Қодирӣ гурӯҳи кориро   пешвоз гирифтанд ва бо утоқҳои кори шинос намуданд. Гурӯҳи корӣ бо роҳбарии  муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ ба се гурӯҳи хурд тақсим шуда як гурӯҳ дар утоқи кории раиси кумитаи иҷроия, дуюм гурӯҳ дар утоқи кории шуъбаи ташкили ва гурӯҳи сеюм дар утоқи кории муҳосибот ба санҷиш шурӯ намуданд. Баъди итмоми санҷиш камбудиҳои ошкоршуда ба кормандони кумитаи иҷроия баён карда шуда оиди бартараф намудани камбудиҳо аз тарафи муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ дастуру супоришҳо дода шуд. Дар охир бо гирифтани акси хотиравӣ гурӯҳи кори ба шаҳри Истаравшан сафарбар шуданд.