Маҷлиси ҷамъбастии занон ва ҷавонон

Печать
PDF

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳристон дар асоси нақшаи тасдиқгардида дар толори маҷлисгоҳи шуъбаи молияи ноҳияи Шаҳристон маҷлиси ҷамбастии фаъолияти шуъбаи ҷавонон ва шуъбаи кор бо занони кумитаи иҷроия бо роҳбарии Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон Р.Қодирӣ баргузор намуд. Дар маҷлис узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи МИМҲД шаҳри Истаравшан  Муминова Фируза Исроиловна ва Раиси ноҳия Шаҳристон Акрамзода Баҳодур Исмоил, раисони созмонҳои ҷавонони муассисаҳои таҳсилоти миёна, роҳбари бахши ҷавонони ноҳия, мудири шуъбаи кор бо  занон ва оилаи МИМҲД ноҳия,  раиси шуърои собиқадорони ҳизб, фаъолон ва ҷавонписарону ҷавондухтарони узви ҳизб иштирок намуданд. Баъди қироати рузномаи маҷлис ҳисоботҳои фаъаолияти соли 2020-и  шуъбаи кор бо занон Примқулова З.М ва шуъбаи ҷавонони кумитаи иҷроия  Ғоибов С.Ф.  шунида шуд. Дар идомаи маҷлис мулоқоти узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муминова Фируза Исроиловна бо аҳли толор хусусан бо занон оғоз гардида, оид ба ҳадафҳои стратегии мамлакат, ки бевосита бо шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида истодааст маълумот дод. Дар фарҷоми маҷлис ба се нафар ҷавондухтарон, ки бо аризаи худ ба ташкилотҳои ибтидои оид ба қабул шудан ба сафи ҲХДТ муроҷиат намуданд, бо тантана шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд. Бояд зикр намуд, ки бо иқдоми Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон Р.Қодирӣ бо иштироки Муминова Ф.И, се оилаи камбизоат оилаи Умаровҳо, Тошбоевҳо ва Абдураҳмоновҳо , ки кӯдакони маюб ва ногирон доранд се хатла ба ҳар як оила маводи сӯзишвории ангишт кумак расонида, аёдат карда шуд.