Вохӯрии фаъолон бо гурӯҳи тарғиботиву ташвиқоти КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд

Печать

Дар асоси нақшаи чорабинии  гурӯҳи кории тарғиботиву ташвиқоти кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд  бахшида ба истиқболи ҷашни 25-солагии таъсисёбии ҲХДТ, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон  ва омодагӣ ба маракаи интихоботҳои соли 2020  дар толори ташкилоти ибтидоии БМН, ҷамоати деҳоти Шаҳристон ва дар ташкилоти ибтидоии Бунҷикати ҷамоати деҳоти Бунҷикат  бо иштироки


гурӯҳҳҳои тарғиботиву ташвиқоти  аз КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Бобоҷонова  М, Мирпочоева М, Мирмуллоев Н,  Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон Рустам Қодирӣ, Раиси ташкилоти ибтидои БМН Абдуназаров А ва Раиси ташкилоти ибтидои Бунҷикат Ҳоҷиев Ш ва аъзоёни фаъоли ҳизб вохӯри гузаронида шуд. Вохӯриро Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон Рустам Қодирӣ оғоз намуда суханро ба Бобоҷонова  М.С дод. Оиди истиқболи 25-солагии ҲХДТ,  чӣ тавр бо шарофати  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами  ҲХДТ марди бузург,  Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба чунин дастовардҳои бузург  ноил гардидем суханрони намуд. Мирпочоева М оиди  сулҳу ваҳдати миллӣ заҳмату талошҳои Пешвои муаззами миллатро хотиррасон намуда омодаги ба маракаи интихоботҳои 2020 ва истиқболи ҷашнҳои бузурги сиёси  суханрони намуда ба аҳли нишаст бурдбори таманно намуд.