Андешаи раиси кумитаи иҷроияи ноҳияи Шаҳристон оид ба Ҷаласаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Печать

Мо тоҷикистониён, махсусан  аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хеле инсонҳои хушбахттаринем, як сарвари оқилу доно, марди асилу сиёсатмадори барҷастаи асри 21, ки бо сиёсати оқилонаю дурбинонаи худ халқи тоҷикро аз парокандагию сарсони раҳо карда якдавлати хурду бузургро бо номи Тоҷикистон аз олами нестшави ба олами ҳасти баргардонид, зеро таърих ба мо чунин инсони асилро туҳфа намуд ин Асосгузорӣ сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.  Чанде пеш таҳти роҳбарии Асосгузорӣ сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷаласаи навбатии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор шуд. Ман, ки зиёда аз 9 сол дар вазифаи Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон фаъолият менамоям ва бисёркарата дар Анҷуманҳо, Маҷлисҳо ва Ҷаласаҳои таҳти роҳбарии Асосгузорӣ сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузоршуда ширкат варзидаам, аммо ин Ҷаласа аз дигар ҷаласаҳо бо самимигии ин марди бузург хело фарқ кард. Агар мо ҳизбиён, роҳбарон, раисон, вакилони мардумӣ, олимону деҳқонон аз паи ин сиёсатмадори ҷаҳоншинохта равему дастуру супоришҳои Онро бе чуну чаро иҷро намоем тоҷикистони мо ба яке аз давлатҳои тараққикардаю хурди бузург мубаддал мешавад. Дар ин кори  неку хайр ба ҳаммаи Шумо сокинони бо нангу номуси кишвари азизамон комёбию бурдбориҳои беназир орзумандам.

Бо эҳтироми самимӣ:

Раиси КИ ҲХДТ

дар ноҳияи Шаҳристон:                                                    Р. Қодирӣ