Конференсияи ХХII КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон

Печать

Санаи 25.10.2019 Конфренсияи ХХII Ҳизби Ҳалқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳристон баргузор шуд. Дар Конфренсия аъзои КИМ Раънои Зоирдухт, намояндаи Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар вилояти Суғд Бобоҷонова Мутриба, муовини раиси ноҳия Ҳабибуллозода Шаҳринисо ширкат варзиданд. Конференсияи мазкурро

Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Рустам Қодирӣ ифтитоҳ намуд. Дар Конфренсия 6 масъала мавриди барраси қарор гирифт.

 

1.Ьисоботи кумитаи ижроияи ЬХДТ дар ноьияи Шаьристон аз моҳи июни соли 2017 то моҳи ноябри соли 2019

2.Ьисоботи комиссияи тафтишотии ЬХДТ дар ноьияи Шаьристон

3.Интихоби ьайати нави кумитаи ижроияи ЬХДТ дар ноьияи Шаьристон

4.Интихоби ьайати нави комиссияи тафтишотии КИ  ЬХДТ дар ноьия

5.Интихоб ва тасдиыи ьайати вакилон ба Конференсияи XIII-уми  вилоятц

6. Масъалаҳои ташкили

Барои дар сатҳи баланди ташкили гузаронидани Конференсияи Комиссияи мандати, котибот ва комиссияи таҳририя интихоб карда шуд. Оиди масъалаи якум Раиси кумитаи иҷроия ҳисобот дод. Сипас бо розигии вакилон оид ба масъалаи дуюм раиси комиссияи тафтишоти ҳисобот дод. Барои музокира шаш нафар номнавис шуда буданд. Се нафар баромад карда ба музокира хотима бахшида шуд. Аъзои КИМ Раънои Зоирдухт, намояндаи КИВ Бобоҷонова Мутриба ва муовини раиси ноҳия Ҳабибуллозода Шаҳринисо баромад намуданд. Оид ба масъалаҳои 3,4 нафарони арзанда 23 нафар  ба аъзогии КИ ҲХДТ ва 3 нафар аъзои комиссияи тафтишоти интихоб шуданд. Оид ба масъалаи панҷум 13 нафар фаъолони ноҳия ба Конференсияи 13 уми вилояти Суғд интихоб шуданд. Дар хотима якчанд нафар ҳизбиёни фаъол бо сипосномаи КИМ, Сипосномаи  Раиси вилоят, Кумитаи ичроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон ва собиқадорон бо тӯҳфахо қадрдони карда шуданд. Инчунин ба ҷавонони ба узвияти ҲХДТ дохил шуда шаҳодатномаҳои ҳизби супорида шуд.

Аз сабаби якчанд масъалаҳое, ки муҳлаташон  моҳҳои январи соли 2020 рост меояд  ба Конференсияи XXII КИ Ьизби Халыии Демократии Тожикистон дар  ноьияи Шаьристон танаффус  эълон карда шуд.