Ярмаркаи фуруши маҳсулотҳои саноатӣ ва кишоварзӣ

Печать

Дар маркази ноҳияи Шаҳристон ярмаркаи фуруши маҳсулотҳои саноатӣ ва кишоварзӣ баргузор  гардид. Дар ин ярмарка ташкилотҳои ибтидоии КИ  Шаҳристон, Фирдавсӣ, М.Шукуров, Чашмасор, У. Сулоймонов, Саробӣ, Гулистон, Сомонӣ, Суғдиён, Темурмалик, Себзор, Ҳисор, Турсунзода, Ҷамъияти матлубот ва корхонаи саноатии “Тоҷагрофуд”  бо маҳсулотҳои кишоварзии худ ва саноати иштирок варзида барои хубии мардум ҳисса гузоштанд. Маҳсулотҳои ярмарка назар ба маҳсулотҳои бозорӣ якчанд маротиба арзонтар фурӯхта шуд ва ин ҳам бошад, барои фоидаи халқ аст. Ин ярмарка боиси хушҳолии мардуми ноҳия гашта аз тарафи онҳо боз таклифҳо шуд, ки чунин ярмаркаҳо дар ноҳия бисёртар  гузаронида шавад. Мо низ тарафдори тез тез гузаронидани чунин ярмаркаҳои маҳсулотҳои саноатӣ ва кишоварзӣ ҳастем, чунки ин гуна ярмаркаҳо танҳо барои фоидаи халқ мебошад.