КОНСТИТУТСИЯ БАХТНОМАИ МИЛЛАТ

Печать

Бахшида ба рӯзи Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Қасри фарҳангӣ ноҳияи Шаҳристон чорабинии фарҳангию фароғатӣ бо иштироки намояндаи  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи вилояти Суғд, Раиси ноҳия ва Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон  инчунин  Раисони ташкилотҳои ибтидои ва аъзоёни фаъоли ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон иштирок намуданд.  Чорабинии фарҳангӣ бо як шукӯҳ ва шаҳомати

хос баргузор гардида ба аҳли нишаст фароғат бахшид. Қайд кардан ба маврид аст, ки мо ба ин диёри сулҳу обод, тинҷиву оромӣ танҳо ба Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси ҲХДТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шукргузор бошем.  Зеро ин шахси мӯтабар барои барпо намудани давлати тозабунёд меҳнатҳои бесамар ва барои барқарор  намудани сохти давлати конститутсиони заҳматҳои беназир намудааст, инчунин давлати тозабунёди Тоҷикистони азизамонро  ба ҳамма мамлакатҳои дунё  эътироф намудааст.