Президенти мо -наҷотбахши мо!

Печать

Дар китобхонаи марказии ташкилоти ибтидоии Фарханг бо иштироки чавондухтарон Аксияи “Президенти мо – Наҷотбахши мо!” бо иштироки аъзоёни фаъоли ташкилоти ибтидои Фарҳанг ва аз кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон шӯъбаи кор бо занон Примқулова З гузаронида шуд. Инчунин хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия иштирок намуданд. Онҳо аз китобҳои таърихии Пешвои миллатамон дидан намуданд. Примқулова З ба иштирокчиён аз дастовардҳои Истиқлолият гуфта гузашт. Аз ҷумла, ҳамчун Пешвои воқеии миллат шинохта шудан дар масири таърих ба кам шахсиятҳо муяссар гаштааст. Мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти созандаву бунёдкорона ва муҳаббате, ки байни мардуми кишвар доранд, аллакай ҳамчун Пешвои миллат шинохта шуда буданд. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо дилу нияти нек зимоми давлатро дар замони хеле ҳассос, ки ҳавфи парокандашавии давлат ва аз байн рафтани миллати тоҷик баръало эҳсос мегардид, ба ӯҳда гирифта, дар як муддати кӯтоҳ шӯълаи умедро дар қалби ҳар як фарди миллат фурӯзон намуданд. Ҳар як шаҳрванди худогоҳу баномус дар роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёд, иҷтимой ва дунявӣ бояд ҳамеша дар паҳлуи Пешвои миллат бошад, зеро ободиву пешрафти кишвар аз ҳар як сокини ватандӯсти он вобаста аст. Тавассути ранҷу талошҳои Пешвои муаззами миллат Тоҷикистонро зиёда аз 150 давлат шинохт, миллат сарҷамъ шуд ва аз ҳама муҳимаш, зиндагии шоиста насибамон гардидааст. Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи сарвароне ҳастанд, ки ба шодиву ғами мардум доимӣ шарик буда, маҳбубияти хосаеро соҳиб шуданд.