Вохӯри бо фаъолон

Печать

Аз рӯи нақшаи кории шӯъбаи кор бо занони кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳристон дар ташкилоти ибтидоии “Фарҳанг” бо иштироки занони фаъол  вохӯри баргузор гардид. Вохӯриро  мудири шӯъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон  Примқулова  З оғоз намуда аҳли нишастро бо 25-солгарди таъсисиёбии ҲХДТ табрик намуда  оиди баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсии занон, баҳри пешгирии ҳодисаҳои номатлуб суханрони намуд. Чи тавре, ки  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои  миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке суханрониҳои худ иброз намуданд; “Нақш ва мақоми зан-модар дар ҳаёти ҷомеаи башарӣ ниҳоят бузург аст. Ҷомеае, ки ба зан-модар ғамхори менамояд, ба ояндаи худаш ғамхори мекунад. Давлате, ки нисбат ба зан-модар-сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсонӣ бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медиҳад ”. Имрӯзҳо садҳо нафар аз ҳисоби занону ҷавондухтарони соҳибистеътоду болаёқат дар вазифаҳои роҳбарикунанда кор ва фаъолият бурда истодаанд. Мо занон аз ин суханони пурмазмуни Пешвои муаззами миллатамон ва  он кафолатҳое, ки баҳри занон дода шудааст самаранок истифода бурда  кушишу ғайрат намуда пеши роҳи ин ҳодисаҳои номатлубро гирем.