Паём омили асосии пешравии фаъолияти мо

Печать

КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон тибқи нақшаи тасдиқгардида оиди тарғибу ташвиқи нуқтаҳои асосии Пайёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Раиси ҲХДТ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар  ТИ “Амонатбонк” бо аъзоёни ҳизб ва мизоҷони бонки мулоқот доир гашт. Дар мулоқот Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон  Рустам Қодирӣ муҳтавои Паёми Президенти ҶТ муҳтарам Эмомали Раҳмон аз он ҷумла, “Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон - “Амонатбонк” бояд ҷиҳати ба таври назаррас зиёд намудани ҳаҷми қарздиҳӣ ба соҳаҳои иқтисодиёт, алалхусус, бахшҳои истеҳсолӣ ва паст кардани фоизи он чораҳои таъхирнопазир андешада шаванд”, суханронӣ намуда барои беҳтар намудани хизматрасонҳо ба мизоҷони инфиродӣ ва кишоварзон, ки  манбаъи аввалиндараҷаи бонкҳо мебошанд маслиҳатҳои муфид  дода шуд.