Паём- роҳнамои мо

Печать

Санаи 6 уми январи соли 2020 КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон тибқи нақшаи тасдиқгардидаи чорабиниҳо оид ба тарғибу ташвиқи нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори Сулҳу Ваҳдати  миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ташкилоти ибтидоии “Мадад”  вохӯри гузаронида шуд. Дар ин вохӯрӣ Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон Рустам Қодирӣ  ба кормандони ташкилоти ибтидоии “Мадад”  рӯ оварда дар бораи муҳтавои Паёми Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуд. Вохӯри на дар ваъзи тантанавӣ балки дар фазои пур аз аҳоли на дар толор балки дар долон суръат гирифт. Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Р.Қодирӣ оиди нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори Сулҳу Ваҳдати  миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда аҳолиро барои мутолиа намудаи китобҳои баъдеи, бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии ватани азизамон ободу зебо намудани хонаҳои худ, бунёди хонаҳои замонавӣ ҳидоят намуданд.