ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ – ВАБОИ АСР

Печать

Кормандони кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳристон мудири шуъбаи ташкилии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон  Ғоибов С.Ф ва мутахассиси кумита Каримова Ш.  дар асоси нақшаи кори ба ташкилоти ибтидоии “Ободӣ”  ташриф оварда бо талабагони синфҳои хатмкунандаи  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳияи Шаҳристон мулқот  дар мавзӯъи “Терроризм ва эктремизм-вабои аср” баргузор намуданд.  Дар мулоқот ба хонандагон  дар бораи маҳфумҳои экстремизм ва терроризм, пайдоиш, мақсад ва ғояҳои ғаразноки созмон ва ташкилотҳои номатлуб маълумоти муфассал  баён намуд. Инчунин  оиди падидаҳои номатлуби созмонҳои террористиву ифротӣ дар ҷомеаъи муосир  ва тарзи ҷалбкунии  ҷавонон аз тарафи ашхосҳои ифротӣ ва эмин  нигоҳ доштани  худ  фаҳмонида дода шуд.