Баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа

Печать

Дар асоси нақшаи кории  кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон бо иштироки занҳои фаъоли ҳизб дар ташкилоти ибтидоии “Маҳаллаи Истаравшан” вохӯрӣ баргузор гардид. Дар вохӯрӣ мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон Примқулова Зебо баромад намуда, оиди мавзӯъи “Баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” баромад намуд. Дар баромад нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  оид ба баланд бардоштани   мақоми зан дар ҷомеа гуфта гузашт.  Ҳамзамон дар маъракаи  интихоботи  зиёд намудани номзадҳо аз ҳисоби занони ҷавону болаёқат ва фаъолзанони ҳизб номзадҳои эҳтимоли интихоб шудаанд, ки боиси дастгирии онҳо  ба сиёсати мамлакат баён карда шуд.

Дар вохӯрӣ ба бонувон таъкид карда шуд, ки дар маъракаи дар пешистодаи интихоби вакилон фаъолона иштирок намуда, барои пешрафти сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳиссагузор бошанд.