Семинар - машварат (бо номзадҳои пешбаришуда ба вакилии маҷлиси вакилони халқи ноҳия)

Печать

Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон Р.Қодирӣ дар толори хурди МИМҲД ноҳияи Шаҳристон семинар дастурдиҳӣ ба номзадҳои аз ҲХДТ пешбаришуда ба вакили маҷлиси вакилони ноҳиявиро баргузор намуд. Дар вохури Р.Қодирӣ ба номзадҳо барои пешравии корҳои тарғиботи ташвиқоти ва пирӯзи ба даст овардан дар ин маракаи муҳими сиёсӣ якчанд дастуру пешниҳодҳо ва супоришҳоро баён намуд. Аз ҷумла якҷоя омода намудани барномаи пешазинтихоботи, ки асоси Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои солҳои 2020 2025 мебошад. Шуруъ намудан ба фаъолияти тарғиботиву ташвиқоти дар доираи ваколатҳо ва дар  бо шароити ҳозира мутобиқ бо аҳолӣ мунтазам мулоқоту вохӯриҳо гузаронидан. Ҳангоми мулоқоту вохӯриҳои  ошкоро бо мардум оиди  пешрафт ва камбудиҳои вазъи ҳозира,  ошкорона бахри  бартараф намудани он чораандеши намлянд. Ҳамзамон суханронихои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди “Рисолати вакили имруза на бунёди иншоот ё ваъдаи сохтмону роху пулхо, балки эҷоди қонунҳои ҷавобгӯ ба талаботи замон, ҳимояи манфиатҳои халқ ва дар арсаи байналмиллали, ҳифзи манфиатҳои миллат ва давлат мебошад” баён гардидааст гуфта гузашт.