Сӯҳбатҳои рӯ ба рӯ

Печать

Дар ҳошияи дастуру супоришҳои муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мӯҳтарам Абдуҷаббор Азизӣ, ки чунин таъкид намуда буданд: баргузор намудани аксияҳо; мулоқоти “кӯча ба кӯча” ва ё суҳбатҳои “рӯ ба рӯ” бояд аз усулҳои таъсирбахши номзадҳо ва гурӯҳҳои таблиғотии мо бошанд” дар ин асос кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон аксияи “Сӯҳбатҳои рӯ ба рӯ”-ро пиёда намуда истодааст. Имрӯз дар асоси супориши раиси кумитаи иҷроияи ноҳия Р. Қодирӣ тамоми гурӯҳҳои таблиғоти ва номзадҳои пешбаришуда ба вакилии маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҲХДТ бо интихобкунандагон сӯҳбатҳои ошкорову рӯ ба рӯ доир намуда истодаанд. Яке аз ин номзад ба вакилии маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавхаи интихоботии №8 “Шокиробод” Тошев Абдухолуқ бо интихобкунандагон доир ба барномаи пешазинтихоботии худ ва тарғибу ташвиқоти Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020 2025 мулоқоту вохӯриҳо гузаронида истодааст.