Махфили илмӣ-адабӣ таҳти унвони "Тоҷикистон, ба пеш"

Печать

screenshot_20210831_0706371.jpg - 185.40 Kb Тибқи нақшаи корӣ Шӯрои вилояти Ҳаракат барои соли 2021, моҳи августи соли равон баргузории маҳфили илмӣ-адабӣ таҳти унвони <<Тоҷикистон, ба пеш! >> дар ташкилотҳои ибтидои ҳаракат бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида истодааст.

Санаи 12-уми августи соли равон дар толори Ҷамоати деҳоти Шаҳристон маҳфили илмӣ- адабӣ таҳти унвони <<Тоҷикистон, ба пеш! >> бо иштироки раисони корхонаву ташкилотҳо, фаъолон, раисони маҳаллаҳо, аъзоёни фаъоли КИ ҲХДТ баргузор гардид.

Дар маҳфил роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Р. Қодирӣ, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон Ҳабибуллозода Шаҳринисо, раиси Ҷамоати деҳоти Шаҳристон Ёқубзода Умар, котиби Шӯрои ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати милли ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳристон В. Зоиров иштирок доштанд ва оиди дастовардҳои 30 соли даврони Истиқлолият ва хизматҳои шоиста ва ҷонфидоиҳои сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат,  муҳтарам Эмомали Раҳмон суханронӣ намуданд. Дар махфил хонандагони фаъоли созмони ҷавонони ноҳия дар васфи Ватан-Модар, Тоҷикистон, Пешвои миллат ва Истиқлолият шеърҳо қироат намуданд. Дар анҷом аз тарафи Ҷамоати деҳоти Шаҳристон  фаъолон бо  ифтихорномаҳо сарфароз гардиданд