Иди касбии командони соҳаи тиб

Печать

 .jpg - 106.99 Kb

Санаи 17-уми август дар толори қасри фарҳанги ноҳияи Шаҳристон  рӯзи иди касбии командони соҳаи  тиб баргузор гардид.

Дар ҷамъомад муовини аввали Раиси ноҳия Шӯҳрат Ҳабибзода шодбошии Раиси ноҳия Акрамзода Баҳодур бахшида ба иди касбии кормандони соҳаи тибро қироат намуд.
Бояд таъкид намуд, ки намояндагони соҳаи тиб аз фаъолони ҳизб маҳсуб ёфта, ҷиҳати тадбиқи ҳадафҳои оинномавию барномавии ҲХДТ саҳми назаррас мегузоранд. Аз ин лиҳоз дар ҷамъомад ба аъзоёни фаъоли ҳизб, ки дар соҳаи тандурусти кору фаъолияти намунавӣ доранд, бо сипоснома ва туҳфаҳои  Мақомоти Иҷроияи Маҳаллӣ Ҳокимияти давлатии ноҳия ва БМН-и ноҳия сарфароз гардонида шуд.
Дар анҷом сурудҳои дилангези ҳафаскорони қасри фарҳанги ноҳия таъби ҳозиринро болида гардонид.